Оформи заявку в приложении
Скачать
+7 (495) 234-28-34
занг пардохта мешавад ва мувофиқи тарофаҳои оператори алоқаи шумо пардохт карда мешавад

ТАЪТИЛҲОИ ҚАРЗӢ

Таътилҳои қарзӣ, додашуда вобаста ба бад шудани вазъи молиявӣ - ин барномаи давлатӣ дар доираи Қонуни федералии аз 03.04.2020 № 106-ФЗ «Дар бораи ворид намудани тағйиротҳо ба Қонуни федералии «Дар бораи Бонки марказии Федератсияи Россия (Бонки Русия)» ва баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия дар қисми хусусиятҳои тағйир додани шартҳои шартномаи кредитӣ, шартномаи қарзӣ», ки ба қарзгиранда дар ҳолатҳои риоя кардани шартҳои муайян дастрас мебошад. Барои гирифтани таътилҳои қарзӣ бояд ба Korona муроҷиатнома бо дархост оиди тағйир додани шартҳои шартномаи қарзи хурди истеъмолӣ, ки байни Шумо ва «Korona» баста шудааст, ирсол кард.

Дидани шароитҳо

Таътилҳои қарзӣ (ё "давраи имтиёзнок") барои шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ аз руи мобилизатсия дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия (ҚМ ФР) даъват шудаанд ва шахсони дар амалиёти махсуси ҳарбӣ (АМҲ) иштироккунанда, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо - ин барномаи махсусест, ки барои қарзгиранда дастрас аст бо риоя кардани шартҳои муайяне, ки аз ҷониби Қонуни Федералӣ № 377-ФЗ аз 07.10.2022 "Дар бораи хусусиятҳои иҷрои ӯҳдадориҳо оид ба шартномаҳои кредитӣ (шартномаҳои қарзӣ) аз ҷониби шахсоне, ки ба хизмати ҳарбӣ аз руи мобилизатсия дар Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия даъват шудаанд ва шахсони дар амалиёти махсуси ҳарбӣ иштироккунанда, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо ва дар бораи ворид намудани тағйирот дар баъзе санадҳои қонунгузории Федератсияи Россия" муқаррар шудааст.

Дидани шароитҳо


Таътилҳои қарзӣ барои мобилизатсияшудагон, иштирокчиёни АМҲ ва аъзоёни оилаҳои онҳо

Барои гирифтани таътилҳои қарзӣ бояд муроҷиатнома бо дархост оиди тағйир додани шартҳои шартномаи қарзи хурди истеъмолӣ, ки байни Шумо ва Korona баста шудааст, ирсол кард. Таътилҳои қарзиро аз рӯи қарзҳое гирифтан мумкин аст, ки то санаи мобилизатсия/бастани шартнома аз ҷониби ихтиёрчӣ ё оғози иштирок дар АМҲ, тартиб дода шудаанд.

Боздошти пардохтҳои қарз ба мӯҳлати:

  • мобилизатсия/шартнома дар бораи кумаки ихтиёрӣ дар иҷрои вазифаҳое, ки ба ҚМ ФР гузошта шудаанд + 30 руз
  • иштирок дар АМҲ + 30 руз
  • давраи имтиёзнок метавонад ба муддате тамдид карда шавад, ки қарзгиранда дар беморхона қарор дорад дар ҳолати барқароршавии ҷароҳатҳо, захмҳо, контузияҳо ва бемориҳое, ки дар рафти АМҲ гирифтаанд, инчунин дар вақти бедарак ғоиб эълон шудани иштирокчии АМҲ.
Меъёри фоизи қарз -
2/3 аз арзиши миёнаи бозории арзиши пурраи қарзи хурди истеъмолӣ (қарз), ки дар рузи равони талабот муқаррар шудааст.

Оғози давраи имтиёзнок санаи пешниҳоди муроҷиати шумо ё дигар санаи мувофиқашуда ҳисобида мешавад, аммо на пештар аз 21.09.2022 с. Баъди ба охир расидани он, фоизҳое, ки дар ин мӯҳлат ҷамъ шудаанд, бояд пардохт карда шаванд ва мӯҳлати қарз ба давраи имтиёзноки додашуда дароз карда мешавад.

Таътилҳои қарзиро гирифта метавонанд:

  • шаҳрвандони мобилизатсияшуда ба хизмат ба ҚМ ФР;
  • хизматчиёни ҳарбӣ, ки тибқи шартнома дар ҚМ ФР хизмат мекунанд, ба шарти иштирок дар амалиёти махсуси ҳарбӣ, инчунин шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ (хизмат) дар қӯшунҳои Гвардияи миллии ФР, дар қисмҳои ҳарбии наҷотдиҳандаи ВҲФ, прокуратураи ҳарбӣ, хадамоти сарҳадӣ ва дигар воҳидҳо ва мақомоти ҳарбӣ, ки дар қисми 6 моддаи 1 Қонуни Федералӣ аз 31 майи 1996 сол № 61-ФЗ "Дар бораи дифоъ" нишон дода шудаанд ба шарти иштироки шахсони зикршуда дар АМҲ;
  • ихтиёриён (шахсоне, ки барои кумаки ихтиёрӣ дар иҷрои вазифаҳои ба ҚМ ФР гузошташуда шартнома бастаанд);
  • аъзоҳои оилаҳои категорияҳои дар боло зикршудаи қарзгирандагон (ба онҳо ҳамсар (шавҳар), фарзандони ноболиғ, кӯдакони аз 18-сола боло, ки то расидан ба синни 18-солагӣ маъюб шудаанд, кӯдакони то 23-сола, ки дар муассисаҳои таълимӣ рӯзона таҳсил мекунанд; шахсоне, ки дар вобастагии хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд).

Ин чӣ гуна кор мекунад?

Агар шумо қарор қабул кардед, ки таътилҳои қарзӣ тартиб диҳед ва метавонед ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иштирок дар АМҲ/мобилизатсия пешниҳод кунед:

1

Дархост диҳед, занг зада ба рақами 8 495 234 28 34 (ҶДММ ШҚХ «Korona»). Занг тибқи тарофаи оператори алоқаи шумо пардохт карда мешавад. Ё хаттӣ, ба воситаи равон кардани почта ба суроғаи почтавӣ: 6300055, ш. Новосибирск, к. Шатурская, хонаи 2

2

Скан ё акси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштирок дар АМҲ/мобилизатсия дар сайт ё Барномаи мобилии «Korona» ва ё ба почтаи электронии kk@korona.ru равон кунед.
Ё нусхаи қоғазиро ба воситаи равон кардани почта ба суроғаи: 6300055, ш. Новосибирск, к. Шатурская, хонаи 2.

Ҳангоми набудани имконияти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дар рузи муроҷиат барои пешниҳоди таътилҳои қарзӣ ин ҳуҷҷатҳо бояд на дертар аз ба охир расидани таътилҳои қарзӣ пешниҳод карда шаванд.

Таътилҳои қарзӣ метавонанд бекор карда мешаванд, агар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иштирок дар АМҲ/ мобилизатсия пешниҳод нашуда бошанд ё мувофиқати талаботи додани давраи имтиёзнокро тасдиқ накунанд.

3

Дар бораи санаи ба охир расидани таътилҳои қарзӣ на дертар аз анҷоми онҳо хабар диҳед.

Ҳуҷҷатҳо

Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иштирок дар АМҲ/ мобилизатсия метавонанд иқтибосҳо аз фармонҳои фармондеҳи қисми ҳарбӣ ё комиссариати ҳарбӣ ва ғайра бошанд.

Таътилҳои қарзӣ, додашуда вобаста ба бад шудани вазъи молиявӣ

 
Боздошти пардохтҳои қарз
ба мӯҳлати то 6 моҳ
Меъёри фоизи қарз - 2/3
аз арзиши миёнаи бозории арзиши пурраи қарзи хурди истеъмолӣ (қарз), ки дар семоҳаи дуюми соли 2022 татбиқ карда мешавад.

Оғози давраи имтиёзнок санаи пешниҳоди муроҷиати шумо ё дигар санаи мувофиқашуда ҳисобида мешавад, аммо на пештар аз 14 руз то рузи муроҷиат. Баъди ба охир расидани он, фоизҳое, ки дар ин мӯҳлат ҷамъ шудаанд, бояд пардохт карда шаванд ва мӯҳлати қарз ба давраи имтиёзноки додашуда дароз карда мешавад.

  • Диққат диҳед! Агар шумо пардохтҳоро дар давоми таътилҳои қарзӣ идома диҳед (масалан, бо қарзӣ 5000 рублей ҳадди ақал 500 рублӣ пардохт кунед), маблағи қарзи асосии шумо кам мешавад, маблағи фоизҳо кам мешавад ва маблағи пурраи пардохт кам мешавад
  • Пешниҳоди муроҷиат то 31.12.2023 мумкин аст

Барои кӣ?

Шумо ба таътилҳои қарзӣ ҳуқуқ доред, агар:

Даромади шумо дар моҳе, ки то моҳи муроҷиаткардаи Шумо беш аз 30 фоиз кам шудааст дар муқоиса бо даромади миёнаи моҳонаи соли 2022.

Шумо қарзи фаъол доред, ки шумо то 01.03.2022 гирифтед

Ин чӣ гуна кор мекунад?

Агар Шумо қарор қабул кардед, ки таътилҳои қарзӣ тартиб диҳед ва боварӣ доред, ки метавонед кам шудани даромадро тасдиқ кунед:

1

Дархост диҳед, занг зада ба рақами 8 495 234 28 34 (ҶДММ ШҚХ «Korona»). Занг тибқи тарофаи оператори алоқаи шумо пардохт карда мешавад. Ё хаттӣ, ба воситаи равон кардани почта ба суроғаи почтавӣ: 6300055, ш. Новосибирск, к. Шатурская, хонаи 2

2

Скан ё акси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кам шудани даромадро дар сайт ё барномаи мобилии «Korona» ва ё ба почтаи электронии kk@korona.ru равон кунед.

Ё нусхаи қоғазиро ба воситаи равон кардани почта ба суроғаи: 6300055, ш. Новосибирск, к. Шатурская, хонаи 2

3

Таътилҳои қарзӣ (давраи имтиёзнок) пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мувофиқати талабот оид ба додани давраи имтиёзнок муқаррар карда мешаванд.

Барои тасдиқ намудани кам шудани даромад, шумо бояд яке аз ин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод намоед: