Саволҳо ва ҷавобҳо
- Займы в мобильном приложении
- Займы на товары в торговых сетях
-
Чӣ тавр қарз бояд гирифт?
Барои гирифтани қарз аз ширакати “Страна Экспресс” дар смартфон барномаи “Интиқоли маблағҳо” (6+) аз ҳамкори мо “Золотая Корона”-ро насб кунед. Фасли “Қарзҳо”-ро интихоб намоед ва барасмиятдарории қарзи хурд шурӯъ намоед. Мувофиқаи дархости шумо фавран мегузарад – қарор дар бораи маблағи талаб карда шуда дар муддати 24 соат қабул карда мешавад. Қарзи якум бо пули нақд дар бонкҳо-ҳамкорон дода мешавад. Тамоми дигар қарзҳоро метавонед ба корти бонкии худ гузаронед. Муфассал дар ин ҷой хонед.
-
Чӣ тавр қарзро бояд пӯшид?
Пӯшидани қарз бо усулҳои гуногун имконпазир аст:
- Аз корти бонкӣ онлайн дар барномаи мобилӣ “Золотая Корона – Денежные переводы” (6+).
- Бо пули нақд дар идораҳои бонкҳо, шабақаҳои тиҷоратӣ ва ё шӯъбаҳои Почтаи Русия (барои амалиёт комиссия ситонида мешавад).
Муфассалтар дар бораи тарзу усулҳои пардохт дар ин ҷо хонед.
-
Шартҳои гирифтани қарз
Мо шартҳои фоиданоки пешниҳод кардани қарзҳои хурд бо додан ба пули нақд ва ба корт аз рӯи ҳуҷҷатҳои ҳадди ақал бе гарав ва кафолатдиҳанда пешниҳод мекунем.
- Муддати қарз 63 рӯз
- Маблағ аз 3000 то 50000 рубл
- Меъёри фоизӣ 0,95%
Барои барасмият даровардани дархост фиристодани скан ва ё суратҳои ҳуҷҷатҳо бо истифодабарии барномаи мобилӣ зарур аст. (Рӯйхати пурраи ҳуҷҷатҳо дар фасли “Чӣ тавр гирифтан” ҷойгир карда шудааст).
-
Фоизҳо чӣ тавр ҳисоб карда мешаванд?Маблағи фоизҳои ҳисоб кардашуда мувофиқи шартномаи қарз аз маблағ ва мӯҳлат вобастагӣ дорад. Меъёр 0,95% дар як рӯзро ташкил мекунад. Барои ҳисоб кардани маблағе, ки барзиёд пардохт карда мешавад аз онлайн калкулятори фоизҳо аз рӯи қарз дар сомона истифода баред.
-
Чӣ тавр қарзро ба корт гирифтан мумкин аст.Аз дуввум қарзи хурд ширкати “Страна Экспресс” имқонияти гирифтани қарзро то гирифтани музди меҳнат онлайн бо гузаронидан ба корт пешниҳод мекунад.
-
Чӣ тавр қарзро бе таърихи қарзӣ (кредитӣ) гирифтан мумкин аст.Барои барасмият даровардани қарз дар ширкати мо мавҷуд будани таърихи қарзӣ (кредитӣ) хатмӣ намебошад.
-
Чӣ тавр қарзро бо пули нақд гирифтан мумкин аст?Пулро ба қарз бо нақд ҳамчун интиқоли маблағи одди гиред! Барои ин ба шумо лозим мешавад, ки ба нуктаҳои додани интиқол муроҷиат намуда, рақами интиқолро, ки онро баъд аз тасдиқи қарз гирифтаед, пешниҳод кунед. Суроғаҳои бонкҳоро бо осонӣ ва зудӣ дар барнома пайдо кардан мумкин аст, тугмаи “Нуктаҳои доданро дидан”-ро ва ё дар қисмати“Нуктаҳои хизматрасонӣ” дар сомонаи мо пахш кардан лозим аст. Барои гирифтани маблағҳо, хоҳишмандем, бо худ ҳуҷҷатҳое, ки сканҳои онҳоро шумо дар вақти ба расмият даровадани дархост фиристода будед, гиред. Агар шиноснома бо забони лотинӣ пур карда бошад, он гоҳ нусхаи он дар забони русӣ бо тасдиқи нотариус лозим мешавад.
-
Тарзҳои гирифтани пулҳо ба кортҚарзҳои онлайн ба кортҳои МИР, Visa, Mastercard ва ё Maestro аз ҳамагуна бонки Русия гирифтан мумкин аст. Ин тарзи аз ҳама қулай барои фавран гирифтани пул барои қарз мебошад. Хизматрасони аз гирифтани қарзи дуввум имконпазир мебошад.
-
Талаботҳои асосӣ ба қарзгиранда
Қарзҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон, Белорус, Молдова ва Арманистон дода мешаванд. Синну сол: аз 18 то 75 сола.
-
Оё пеш аз мӯҳлат пӯшидани қарз имқонпазир аст?Ҳа, имконияти ворид кардани пардохтро, ки аз маблағи фоизҳо зиёд мебошад ҳаст. Дар ин ҳолат фоизи қарзи мавҷуда кам мешавад, зеро он аз бақия ҳисоб карда мешавад.